Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Swiss Peace: Вазъи сиёсии Тоҷикистон ором аст


Пажӯҳишгоҳи сулҳи Швейсария (Swiss Peace) , ки амният дар чандин кишвари дунёро мушоҳида мекунад, гуфт, тайи се моҳи гузаштаи соли равон вазъи сиёсии Тоҷикистон комилан ором буд ва хушунатҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир мояи аслии нигаронӣ боқӣ монд.


Пажӯҳишгоҳи сулҳи Швейсария гуфт, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ як мояи нигаронии дигар ва сарчашмаи ноамнии эҳтимолӣ буд, вале нороҳатии мардум аз ин таъсири бузурге ба сиёсати дохилии кишвар нахоҳад дошт.


Ин созмон гуфтааст, ки як масъалаи муҳим дар сиёсати ояндаи наздики давлати Тоҷикистон равобит бо Русия хоҳад буд, ки дар моҳҳои гузашта дучори мушкил шуда буд.


Ва дигар масъалаи умдаи сиёсати хориҷӣ равобити баҳсбарангез бо давлати Ӯзбакистон аст, ки зоҳиран дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG