Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Матбуот дар Тоҷикистон озод нест!


Созмони ҳомии ҳуқуқи «Хонаи озодӣ» («Freedom House») Тоҷикистонро аз назари вазъи озодии матбуот кишвари ноозод хондааст. Ин созмон гуфтааст, баъди талошҳои ҳукумат барои мутеъ кардани матбуот дар солҳои 2004 ва 2005, вазъи озодиии матбуот дар Тоҷикистон дар соли гузашта собит мондааст.


«Хонаи озодӣ» дар гузориши худ, ки 1-уми май интишор додааст, иттилоъ медиҳад, ки расонаҳои саросарии Тоҷикистон дар соли гузашта ҳамчунон дар дасти давлат боқӣ мондаанд. Вале дар ҳамин ҳол ин расонаҳо аз интиқоди амалкардҳои давлат худдорӣ мекунанд.


Гуфта мешавад, ҳузури давлат, ки масъулияти додани иҷозанома, дастгоҳҳои пахшу нашр ва дигар васоили таъсир ба расонаҳоро дар ихтиёр дорад, дар тамоми расонаҳо эҳсос мешавад.
XS
SM
MD
LG