Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Қазоқистон барои раҳбарият дар САҲА


Давлати Қазоқистон гуфтааст, ин кишвар ислоҳоти васеъи демократиро пиёда хоҳад кард, то раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар соли 2009 ба даст орад.


Вазири умури хориҷаи Қазоқистон Марат Тажин дирӯз, 30 апрел, изҳор дошт, ки раёсати кишвараш дар ин созмони бонуфуз ислоҳоти демократӣ дар ҳаёти сиёсии Қазоқистонро суръат хоҳад бахшид.


Вай афзуд, раёсати Қазоқистон дар САҲА дигар кишварҳои Осиёи Марказиро ташвиқ мекунад, то низомҳои сиёсиву иқтисодиашонро бозтар кунанд.


Вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар ин бора дар нишасти Шӯрои доимии САҲА, ниҳоди тасмимгири ин созмон, сӯҳбат кард.
XS
SM
MD
LG