Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри шумораи тозаи «Чароғи рӯз»


ms

Шумораи ҷадиди нашрияи «Чароғи рӯз» 27-уми апрели соли равон дар Маскав ба дасти хонандагон расид. Сардабири нашрияи машҳури «Чароғи рӯз» Додоҷони Атоулло нашри шумораи нави «Чароғи рӯз» ва матолиби асосии онро барои шунавандагони радиои Озодӣ чунин тавзеҳ кард: «Дар шумораи нави «Чароғи рӯз» аслан гузоришоте чоп шудааст, ки ба хонандаи Тоҷикистон дастрас нестанд, ба вижа матолиби марбут ба ҷунбиши мардумии тозатаъсиси «Ватандор». Роҷеъ ба муҳтавои ин шумораи нашрия ӯ ҳамчунин гуфт: «Матолиби асосии ин шумораро, қабл аз ҳама, муаррифии ҷунбиши мардумии «Ватандор» ташкил медиҳад. Яъне чаро ин созмон таъсис шуд ва ҳадафи он чист. Чун ҳамеша яке аз мавзӯъҳои марказии нашрияи мо ҳифзи ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон аст. Дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гузориши вазорати хориҷаи Амрикоро дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон чоп кардаем».

Додоҷони Атоулло дар посух ба суоле, ки азъои ҷунбиши «Ватандор» дар нашри шумораи нави «Чароғи рӯз» саҳм доранд ё не, гуфт: «Бале, саҳм гузоштанд. Ҳатто бо чанд нафари онҳо мусоҳибаҳо низ омада шуда буд, вале дар охирин лаҳзаҳо ба хотири амнияти онҳо ва наздиконашон аз чопи ин мавод барои як муддат худдорӣ кардем. Ба далели инки паз аз эъломи таъсиси ҷунбиши «Ватандор» барои боздошти ман аз Тоҷикистон се гурӯҳ аз вазорати амният ба Маскав омада буд».

Шумораи тозаи «Чароғи рӯз» бо ороиши зебо чоп шудааст. Дар 24 саҳифаи он гузоришот, мақолот, ҳаҷвиёт ва аксу карикатураҳои хонданиву диданӣ ҷой дорад. Номаи раиси ҳизби тараққиёти Тоҷикистон Султон Қувватов ба додгоҳи Гаага, мақолаи «Тоҷикистон - супермаркети Раҳмонов», ривояти муосири афсонаи "Бузаки ҷингилапо" бо сабки назми шифоҳӣ дар канори аксҳои ҳукуматдорони феълии Тоҷикистон таваҷҷуҳбарангезанд.


Сардабири «Чароғи рӯз» инчунин гуфт, ки хонандагон шумораи тозаи «Чароғи рӯз»-ро метавонанд аз дуконҳои рӯзномафурушии Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия, дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва аз Интернет пайдо кунанд.


Лозим ба ёдоварист, ки «Чароғи рӯз» соли 1991 дар шаҳри Душанбе таъсис шудааст ва маъруфтарин нашрия дар солҳои аввали истиқололи Тоҷикистон буд. «Чароғи рӯз» 14 соли ахир дар хориҷ аз Тоҷикистон, аслан дар Русия, чоп мешавад.


Додоҷони Атоулло дар идомаи суҳбаташ хабар дод, ки шумораи дигари «Чароғи рӯз» ҳафтаҳои наздик ба дасти хонадагон хоҳад расид, зеро чопи пайвастаи нашрия тақозои вақт аст.

Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG