Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини замони хурӯҷи амрикоиён аз Ироқ


ro

Маҷлиси Намояндагон тавре президенти ИМА Ҷорҷ Буш тақозо мекард, ризоят дод,ки барои таъмини молии амалиёти низомӣ дар Ироқу Афғонистон то 30 сентябр 124 миллиард доллар тахсис диҳад. Вале дар муқобил конгрессменҳо талаб кардаанд, ки сар аз якуми октябр беруншавии нерӯҳои ИМА аз Ироқ оғоз ёбад. Раиси Маҷлиси Намояндагон қонунгузори демократ хонум Ненсӣ Пелосӣ дар ин бора мегӯяд: "Бо фишори тоқатфарсое, ки ин ҷанг рӯи низомиёни мо гузоштааст, имконоти дифоъ аз мардуми Амрико заиф мегардад. Ба ҷои он, ки ҷанг амнияти мардуми Амрикоро афзоиш диҳад, он имкони дифои кишварамон аз терроризми байналмилалиро суст мекунад".



Хонум Пелосӣ аз президент Буш даъват кард, ки лоиҳаро имзо кунад. Тахмин мешавад, ки Сенат Маҷлиси Болоии Конгресси ИМА ҳам то охири ҳафта ин санадро ба тасвиб расонида, то якуми май онро дар сари мизи раисҷумҳури ИМА мегузорад. Демократҳо аз он хушҳоланд, ки бар пояи назаррхоҳиҳо феълан аксари мардуми ИМА ҷонибдори ташхиси мӯҳлати беруншавии сарбозони ИМА аз Ироқ мебошанд. Аммо дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе қонунгузори ҷумҳурихоҳ даъват кард, ки муайян намудани мӯҳлати беруншавии сарбозон аз матни лоиҳа хориҷ гардад: "Мо метавонем тавре аз Лубнон, Ветнам ва Сомалӣ берун шудем, аз Ироқ ҳам хориҷ шавему кишварро дар ҳоли бесарусомонӣ гузорем".



Фармондеҳи Нерӯҳои ИМА дар Ироқ генерал Дейвид Петреус низ аз қонунгузорон даъват кард, ташхиси мӯҳлати беруншавии нерӯҳоро аз матни санад хориҷ намоянд. Моҳи равон президенти ИМА Ҷорҷ Буш борҳо таъкид карда буд, ки дар шакли кунунӣ ин лоиҳаро имзо нахоҳад кард. Шореҳон мегӯянд, сарфи назар аз он, ки демократҳо дар ҳар ду Маҷлиси конгресс аксариятро ташкил медиҳанд, онҳо наметавонанд ветои президент Бушро канор гузоранд.
XS
SM
MD
LG