Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба тасвиб расид


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани ислоҳот қонуни фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ин кишварро муҷаддадан ба тасвиб расонд. Қонуни фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,ки дар авоили моҳи феврали соли равон қабул гардид, ба интиқодоти шадиди созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятӣ рӯ барӯ шуда буд.



Дар пайи ин интиқодот Маҷлиси намояндагон ногузир шуд таъйиди ин қонун дар Маҷлиси миллиро ба таъвиқ биандозад. Асомиддин Сайидов - раиси кумитаи равобити байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт дар паййи ислоҳоти воридкарда шароити фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва сабти номи онҳо дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон сода хоҳад шуд.





Ин дар ҳолест,ки Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ворид кардани ислоҳоти такрорӣ ба қонуни фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро тарафдорӣ накард. Ӯ гуфт,ки ба ҳангоми раъйдиҳӣ низ ин қонунро ҷонибдорӣ накардааст. Зеро, мегӯяд оқои Кабирӣ дар ин қонун манофеъи созмонҳои байналмилалӣ то ба ҳадде ҳифз шуд, вале мавонеъи мавҷуд дар роҳи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ бидуни тағйир боқӣ монд. Ҷаноби Кабирӣ дар ин амр созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистонро низ дар камфаъолиятӣ ва бетафовутӣ муқассир хонд.



Баъди қабули қонуни фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ибтидои соли равон аз сӯи Маҷлиси намояндагон созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои ғарбии муқим дар Душанбе аз Маҷлиси миллӣ ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо карда буданд,ки дар таъйиди он шитоб накунанд. Ва бо таваҷҷӯҳ ба пешниҳодоти онҳо дар матни ин қонун таҷдиди назар сурат бигирад.




Аммо Асомиддин Сайидов- раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар заминаи интиқодот ва фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ ворид кардани ислоҳот ба қонуни мазкурро рад кард. Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон 3050 созмони ғайридавлатӣ фаъолият мекардааст. Дар пайи ислоҳоти муҷаддади қонуни фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ замони сабти номи ҳатмии дубораи онҳо аз аввали сентябри соли равон то январи соли 2008 тамдид карда шудааст. Гуфта шуд, ки барои сабти номи такрорӣ созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҳар навъи пардохт озод мебошанд.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG