Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи омор: "25.000 зани дуввум дар Тоҷикистон"


Мақомоти кумитаи омори Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар ҳудуди 25 ҳазор зан ҳамсарони дуввум будаанд.


Мерган Шабозов, раиси кумитаи давлатии омор гуфт, ҳамасола аз панҷ то даҳ ҳазор тифлони навзод аз сабти шӯъбаҳои бақайдгирии таваллуд намегузаранд ва ғолибан ин тифлон мансуб ба хонаводаҳое ҳастанд, ки модаронашон занҳои дуввуманд. Ва шумори ин занҳо на кам аз 25 ҳазор нафар будааст, синну соли онҳо аз 22 то 50 мерасад.


Ба гуфтаи оқои Шабозов, сабаби аслии бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон пайомадҳои низоъҳои шаҳрвандии солҳои навадум аст, ки зиёда аз 60 ҳазор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардиданд.


Вай афзуд, бо дастури раиси ҷумҳур мутахассисони ниҳоди мазкур вазъи демографии кишварро таҳқиқ кардаанд ва хулосаи таҳқиқот ин будааст, ки дар чанд соли ахир шумори аҳолӣ солона ду дар сад афзоиш меёбад. Ба гуфтаи оқои Шабозов, агар суръати афзоиши аҳолӣ ҳамин гуна идома кунад, дар даҳ соли оянда аҳолии Тоҷикистон ба даҳ миллион нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG