Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши вазирони фарҳанги СҲШ дар Душанбе


Қарор аст ибтидои ҳафтаи оянда дар пойтахти Тоҷикистон ҳамоиши вузарои фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор шавад. Ба гуфтаи Аҳмадалӣ Ҳомидов, намояндаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин нишаст,ки се рӯз идома меёбад, масоили рушди ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ба ғайр аз ин дар ҳамоиш раванди омодагиҳо ба савумин ҷашнвораи фарҳангии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Бишкек, ҷашнвораи байналмилалии мусиқӣ мавсум ба «Навои Шарқ» дар шаҳри Тошканд ва дигар тадобири фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин интизор меравад вазирони фарҳанг тарҳи таъсис ва нашри маҷмӯъаи «Муколамаи тамаддунҳо - назаре ба вазъи фарҳангу ҳунари кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой»-ро баррасӣ ва тасдиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG