Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати адлия ҲСДТ- ро ба додгоҳ кашид


Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҳизби сотсиал демократи ин кишварро барои риоят накардани муқаррароти Қонуни аҳзоби сиёсӣ ба додгоҳ кашид.



Давлат Сулаймонов масъули раёсати бахши сабти аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ аҳзобу созмон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муваззафанд дар бораи фаъолияти солонаи худ расман гузориш пешниҳод намоянд.



Аммо ба гуфтаи оқои Сулаймонов бо вуҷуди дарёфти огоҳиномаи расмии вазорати адлияи Тоҷикистон аз сӯи ҲСДТ ин ҳизб дар бораи фаъолияти солонаи худ то кунун маълумот ироа надодааст. Давлат Сулаймонов афзуд вазорати адлияи Тоҷикистон зимни шикоят аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст дар қадами аввал фаъолияти ҲСДТ барои шаш моҳ мутаваққиф гардад. Оқои Сулаймонов ангезаи сиёсӣ доштани ин иқдомро рад кард ва гуфт дар сурати пешниҳод нашудани маълумоти лозима тайи ин муддат вазорати адлияи Тоҷикистон масъалаи манъи фаъолияти ҲСДТ-ро ба миён мегузорад.
XS
SM
MD
LG