Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз вазъи Искандаров дар маҳбас


Наздикони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва мақомоти Ҳизби демократии ӯ мегӯянд, қавонини Тоҷикистон дар мавриди баробарии ҳаққи маҳкумшудагон ва дидорбинӣ дар мавриди Муҳаммадрузӣ Искандаров риоят намешавад.


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар анҷоми амали террористӣ, нигаҳдории силоҳ ва дуздии моликияти давлатӣ муҷрим шинохта ва яку ним сол қабл ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Ва дар чанд моҳи пеш ӯ аз боздоштгоҳи муваққат ба зиндоне дар шаҳри Душанбе мунтақил гардид. Акнун наздикони ӯ мегӯянд, ки ба рағми муқаррарот иҷозаи дидор бо Муҳаммадрузӣ Искандаровро на сардори зиндон, балки вазорати адлия содир мекунад.


Аммо Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ маҳдудияте дар тартиби нигаҳдории М. Искандаров ҷорӣ нашудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG