Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Укроин ба нармӣ мегарояд


Нишонаҳое аз коҳиши бӯҳрони сиёсӣ дар Укроин зоҳир шуданд, чун раиси ҷумҳур ва рақибаш, нахуствазир мавқеъҳои худро нармтар кардаанд.


Нахуствазир Виктор Янукович гуфт, эҳтимол дорад, ки дар интихоботи зудраси порлумонӣ ширкат кунад, ҳамонгуна ки раиси ҷумҳур Виктор Юшченко мехоҳад.


Вай гуфт, ҳатто агар Додгоҳи Қонуни асосии Укроин фармони раиси ҷумҳур доир ба пароканда кардани порлумонро нодуруст донад ва ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ розӣ бошанд, ӯ дар интихоботи зудрас ширкат хоҳад кард.


Раиси ҷумҳур Виктор Юшченко гуфт, ки агар Додгоҳи Қонуни асосӣ фармонашро нодуруст донад, ҳукми додгоҳро хоҳад пазируфт.
XS
SM
MD
LG