Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои асноди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА


Дар пайи боздиди расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Имороти Муттаҳидаи Араб сарони ин ду кишвар ба панҷ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорат ва истирдоди афроди мазнун дар ҷиноёт имзо гузоштанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Имомалии Раҳмон дар Имороти Муттаҳидаи Араб машғули боздиди расмист ва қаблан бо мақомоти олирутбаи ин кишвар масоили тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Сафари Имомалии Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба амороти Дубай оғоз ёфт.Тибқи омори расмӣ табодули мол миёни ду кишвар дар соли равон беш аз 30 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG