Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти "рэкет"-ҳо дар Маскав


Дар Маскав ду сокини ин шаҳр, ки ба иттилои мақомоти интизомӣ, бо роҳи таҳдид аз ду шаҳрванди Тоҷикистон қариб як миллион рубли русӣ талаб мекарданд, боздошт шуданд.


Ниҳодҳои ҳифзи тартиботи пойтахти Русия мегӯянд, афроди боздоштшуда бо баҳонае аз ду табаъаи Тоҷикистон, ки дар хадамоти ободониву тамизкории Маскав машғул будаанд, иҷборан пул тақозо намудаанд.


Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ин бори аввал нест, ки аз тамизкорон ғайриқонунӣ пул талаб мекардаанд. Се соли қабл ду фарроши узбак дар Маскав рабуда шуда, бар ивази онҳо 400 доллари амрикоӣ пурсида шуда буд.
XS
SM
MD
LG