Пайвандҳои дастрасӣ

Номзади дигари ҲНИТ низ аз мубориза даст кашид


Номзади дуввуми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ аз ширкат дар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагон даст кашид. Сайидиброҳими Назар, ки номзадияш дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб сабт шуда буд, шоми рӯзи шанбеи 31-уми март, як рӯз пеш аз овоздиҳӣ эълон кард, ки бо сабаби роҳ наёфтани намояндагони ҳизбаш ба кумисюнҳои интихоботӣ аз ширкат дар сабқат худдорӣ мекунад.


Таври маълум мақомоти интихоботии ҳавза аз оғоз вакилони ҳизбро ба кумисюнҳо шомил накарданд ва Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ин амалро хилофи қонун номид, вале мақомоти додгоҳ ҳукмномаи худро ба намояндагони ҳизб надоданд ва дар натиҷа кумисюни ҳавзаӣ қарори худро иваз накард.


Худдории ҷаноби Назар аз мусобиқаи интихоботӣ дар ҳоле ба амал омад, ки рӯзи ҷумъаи 30-юми март номзади дигари ҲНИТ, Сайидумар Ҳусайнӣ бо айни чунин эътироз номзадии худро бозпас гирифт. Аммо дар ин мавриди Додгоҳи шаҳри Душанбе, аз тасмими кумисюни интихоботии ҳавзаи Фирдавсӣ дар бораи шомил накардани намояндагони ҲНИТ ба кумисюнҳо пуштибонӣ карда буд.


Бо сабаби худдории номзадҳои ҲНИТ дар ин ду ҳавза номзадҳо аз Ҳизби ҳокими халқию демократӣ дар танҳоӣ райъ хоҳанд гирифт. Танҳо дар ҳавзаи ноҳияи Ҳамадонӣ номзади ҲНИТ бо номзади ҳизби ҳоким рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG