Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана тақозои баррасии ҳузури Амрико дар Чеху Лаҳистонро дорад


Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавер Солана аз Иттиҳоди Аврупо тақозо кард, ки барномаи истиқрори системаи дифои мушакии ИМро дар хоки Чехияву Лаҳистон ба баррасӣ гирад.


Вай гуфт, ки "Мо набояд дар ин замина тасмим гирем, аммо баррасӣ накардани чунин мавзӯъҳо иштибоҳ хоҳад буд".


Барномаи истиқрори системаи боздорандаи 10 мушак дар Лаҳистон ва ҷойгирсозии як радарро дар хоки Ҷумҳурии Чех - Русия чун таҳдид арзёбӣ карда гуфтааст, ки бо посухи муассир ҷавоб хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG