Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи "Занги oхир"-у "Иди Алифбо" ва пасванди русӣ дар насабҳо


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи бардоштани пасванди «ов»-и славянӣ аз насабаш, ба шӯъбаҳои шаҳодатномадиҳии кишвар дастур дод, то минбаъд онҳо тифлони навзодро танҳо бо насабҳои форсиасл ба қайд бигиранд.


Яъне, дигар истифода аз насаб ё фамилияе, ки пасвандҳои «-ев» ва «-ов» доранд, ғайри қобили қабул дониста мешавад.


Ба ҷузъ ин, Эмомалии Раҳмон баргузории пурдабдабаи «Занги охир» ва «Иди алифбо» дар макотиби ҳамагониро нолозим донист ва бо худ гирифтани телефонҳои ҳамроҳ ва истифода аз сабукравҳои шахсиро барои муҳассилин манъ кард.
XS
SM
MD
LG