Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғижжаки Страдивариро мефурӯшанд


r

Музоядаи маъруфи Кристи дар Ню-Йорк гуфтааст, ки ҳафтаи оянда қарор аст ба фурӯш ғижжаки Страдиварӣ гузошта шавад, ки соли 1729 эҷод шудааст.


Ин ғижжакро хеле нодир арзёбӣ мекунанд ва аз ҳоло муайян шудааст, ки қиммати ҳадди аққали он яку ним миллион доллар хоҳад буд. Аммо масъулини музояда мегӯянд, ки бо ин вуҷуд, ғижжаки мазкур чандон гарон нест.


Соли гузашта як чунин асбоби сохтаи Страдивари бо қимати сею ним миллион доллар ба фурӯш рафта буд.


Антонио Страдиварӣ ғижжаксози маъруфи итолиёӣ буд, ки дар зиндагӣ аз нодорӣ зиёд азият кашида, ҳеҷ тасаввур намекард, ки баъди гузашти қарнҳо мардум милёнҳо долларро барои харидориву ҳифзи маҳсули дастони ӯ хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG