Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи аъзои ҲИУ дар Додгоҳи Олӣ


Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Нурулло Самандаров ва Бахтиёр Амонбоев - ду тан аз аъзои пешини Ҷунбиши исломии Узбакистонро дар ташкили дастаи мусаллаҳи ғайриқонунӣ,одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ дар Душанбе ва навоҳии атрофи он муттаҳам хонда, хостори маҳкумияти онҳо аз 25 сол то ба ҳукми абад шудааст.





Нор Нуров - додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки муҳокимаи парвандаи мазкурро ба ӯҳда дорад дар тамоси телефонӣ бо истинод ба маводи мақомоти бозрасии кишвар гуфт, Нурулло Самандаров зодаи шаҳри Намангони Ӯзбакистон ва аз аъзои собиқи гурӯҳи торуморшудаи Ҷумъаи Намангонӣ дар Афғонистон аз сӯи неруҳои Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ бо роҳбарии Амрико мебошад, ки баъдан вориди Тоҷикистон шуда дар раъси як гурӯҳи муташаккили мусаллаҳ то замони боздошташ дар соли 2005 даст ба аъмоли ҷиноъӣ задаст.






Ба гуфтаи ҳамин манбаъ куштори чанд нафар аз ходимони интизомӣ ва низомии Тоҷикистон аз ҷумла қатли як тан аз бозрасони бахши тафтишоти ҷинояти сангини вазорати умури дохила ва як корманди вазорати дифоъи Тоҷикистон бо дасти аъзои ҳамин гурӯҳ сурат гирифтааст. Додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон афзуд,ки ба ҷуз аз ду табаъаи Ӯзбакистон ҳамчунин 11 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла Зикриё Мансуров - раиси Ҳизби наҳзати Исломии ин кишвар дар ноҳияи Шаҳринав низ аз аъзои ин дастаи ҷиноъӣ дониста шуда ва аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шудаанд.






Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода масъули бахши таҳлилии ҲНИТ боздошт ва иттиҳоми эъломшуда алайҳи масъули ин ҳизб дар ноҳияи Шаҳринавро иштибоҳи мақомоти интизомӣ талаққӣ кард. Дар ҳамин ҳол Нор Нуров-додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъкид кард, ки ду нафар аз аъзои боздоштшудаи ин гурӯҳ дар пайи иҷрои қонуни афви ахир раҳо шуда, баррасии муҳокимаи парвандаи ҷиноъии афроди дигари ин даста дар додгоҳ идома дорад.
Боздошти аъзоъи ин даста ва роҳбари он дар соли 2005 ва оғози соли 2006 аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон сурат гирифтааст.


Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG