Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ


Қарор аст, рӯзҳои сешанбеву чоршанбе дар шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон ҳайати Иттиҳодияи Аврупо бо раҳбарии вазири хориҷаи Олмон Френк Валтер Штенмайер бо раҳбарони сиёсатҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кунанд.


Тибқи иттилои хабаргузориҳо, дар изҳороти ҳукумати Олмон омадааст, ки бо тақозои шарикони Олмон дар Иттиҳодияи Аврупо, Берлин бояд то миёнаҳои соли ҷорӣ стратегияи нави худро барои Осиёи Марказӣ пешниҳод кунад. Олмон, қарор аст, ки навбати раҳбарии давраии Иттиҳоди Аврупоро соли ҷорӣ ба ихтиёри Португалия вогузор кунад.


Ҳадафи аслии мулоқоти вазирони хориҷа дар Остона, муайян кардани масоили мавриди баҳси Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Инчунин қарор аст, дар ин нишаст мушкилоти дар минтақа мавҷудаи имрӯза мавриди баҳс қарор дода шаванд.


Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар ин нишаст вазирони хориҷаи ҳамаи панҷ ҷумҳурии минтақа, бо шумули Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG