Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои лату кӯби донишҷӯён


Додгоҳи ноҳияи Вихинои шаҳри Маскав ду корманди милисаи Русияро барои лату кӯби донишҷӯёни тоҷик ба мӯҳлати ду солӣ маҳкум ба зиндон кард. Гуфта мешавад, ки онҳо як солро дар чаҳордевори маҳбас сипарӣ хоҳанд кард, зеро беш аз шаш моҳ боз дар боздоштгоҳ қарор доранд. Муҷрими саввуми ҳодиса - корманди милисаи ноҳияи Вихино дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Моҳи июни соли гузашта гурӯҳи кормандони милиса ба хобгоҳи Донишгоҳи идораи давлатии Русия ворид шуда, донишҷӯёни тоҷикро мавриди лату кӯб қарор доданд. Баъдан онҳо пул ва телефонҳои дастии донишҷӯёнро гирифта амр карданд, ки дар бораи ин ҳодиса ба ягон мақом хабар надиҳанд. Панҷ донишҷӯи тоҷик дар вазъи сангин ба бемористон интиқол ёфтанд. Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо мо ҳукми додгоҳ дар баробари кормандони ҷинояткори пулисро "тантанаи адолат" арзёбӣ кард:

Ин ҳодиса аз аввал дар мадди назари сафорати Тоҷикистон қарор дошт. Ҳам вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳам сафорат дар Русия дар бора лату кӯби донишҷӯёни тоҷик изҳорот пахш карданд. Ҳукми додгоҳи Маскав ба фикри мо, як навъ тантанаи адолат аст, зеро ин гуна ҳодисаҳо хело зиёданд, ки таҳқиқи онҳо дар нимароҳ мондааст ва дар ин бора сафорат борҳо изҳори ташвиш кардааст.

Айни ҳол дар мавриди он ки додгоҳ дар баробари раиси хобгоҳ - шахси кормандони милисаро барои лату кӯбу донишҷӯён таҳрикдода ҳукме содир кардааст ё на, иттилоъе зери даст нест.
XS
SM
MD
LG