Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоилхон ҳамаро танқид кард


Исмоилхон, вазири об ва энержии Афғонистон дар рӯзи 28 - умин солгарди аввалин шӯриши азим ба зидди нерӯҳои Шӯравӣ дар кишвараш ҳам Амрико ва ҳам давлати Афғонистонро ба боди танқид кашид.


Исмоилхон дар шаҳри Ҳирот гуфт, ки давлати Афғонистон қонунҳои исломиро дар кишвар риоят намекунад, агарчӣ мувофиқи Қонуни Асосӣ иҷрои онҳо ҳатмист.


Исмоилхон ҳамчунин аз он шикоят кард, ки гурӯҳҳои амрикоӣ ӯ ва дигар раҳбарони муҷоҳиддини Афғонистонро, ки ба зидди нерӯҳои Шӯравӣ ҷангидаанд, дар нақзи ҳуқуқи инсон гунаҳкор мекунанд.
XS
SM
MD
LG