Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии тарафдорони Путин дар интихобот


Натиҷаҳои пешакии интихоботи шӯро ва ҳокимони маҳалӣ дар Русия баёнгари онанд, ки аҳзоби тарафдори президент Путин дар ин сабқат пирӯзӣ ба даст меоранд. Аҳзоби мухолифи давлат шеваи баргузории интихоботро шадидан танқид карданд ва онро як шармсорӣ номиданд.


Бар замми ҳизби ҳокими Русияи воҳид дар интихобот ҳизби нави "Русияи боадолат" низ пешсаф шуд, ки гуфта мешавад, аз тарафдорони президент Путин таркиб ёфтааст. Раиси ин ҳизб Сергей Миронов имрӯз дар Маскав гуфт: "Ба бовари мо, ин як комёбии бегуфтугӯи ҳизби мост, ки ҳамагӣ чор моҳ пеш таъсис ёфта буд. Мо дар оғози роҳем. Натиҷаҳои интихоботи 11-уми март нишон медиҳанд, ки мардуми Русия садои дили моро шунидаанд."


Аммо раиси Ҳизби коммунисти Русия Геннадий Зюганов шаффофият ва ҳақиқати интихоботро таҳти шубҳа қарор дод: "Мо бодиққат шумориши ройҳоро думбол мекунем. Ба сарони маҳаллии худ дастур додем, то нусхаи протоколи интихоботро нагиранд, ҳавзаҳоро тарк накунанд. Мо ҳамчунин як ройшумории ҳамзамони худро мегузаронем."
XS
SM
MD
LG