Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости маҳви парвандаҳои ҷиноии оппозисиюни собиқ


fr

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва муовини пешини раиси Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни тоҷик хостори маҳв ва нобуд кардани парвандаҳои ҷиноии роҳбарони собиқи мухолифин дар бойгониҳои мақомоти интизомии ин кишвар шуд.


Оқои Тӯраҷонзода, ки дар нишасте бахшида ба шастумин солгарди таваллуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ -раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси собиқ Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон суханронӣ мекард, гуфт, ӯ ба ҳайси узви Маҷлиси миллӣ тарҳи номаеро дар ҳамоҳангӣ бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ-ду тан аз вакилони Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломӣ унвонии президент Эмомалӣ Раҳмонов омода карда хостори афви такрорӣ ба размандагони пешини оппозисиюни тоҷик ва маҳви парвандаҳои ҷиноии роҳбарони собиқи мухолифин дар бойгониҳои мақомоти интизомии ин кишвар шудааст.


Дар ҳамин ҳол, Владимир Сотиров - намояндаи дабири кулли СММ ва роҳбари дафтари мусоидат ба сулҳи ин созмон дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш нақш ва ҷойгоҳи устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар роҳи барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург хонд. Аммо ба андешаи намояндаи дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон, масъалаи маҳви парвандаҳои ҷиноии роҳбарони мухолифини пешин мебоист қабл аз имзои Созишномаи умумии сулҳ мавриди гуфтугӯ ва муҳокима қарор мегирифт, вале бо дарназардошти асноди афв ва ҳамдигарбахшӣ аз ин парвандаҳо набояд масъулини мақоти давлат сӯиистифода кунанд.


Шодӣ Шабдолов -раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар порлумони кишвар низ ба ин ақида мувофиқ аст, ки парвандаҳои ҷиноии роҳбарони мухолифин набояд баъди афв ва расидан ба сулҳи умумӣ як омили фишори мақомот болои ин афрод ва ё пайвандони онҳо бошад.


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар арафаи таҷлил аз даҳумин солгарди иди Ваҳдати миллӣ дар моҳи июни соли равон аз пешниҳоди афви размандагони пешини оппозисиюн ва маҳви парвандаҳои ҷиноии роҳбарони мухолифини собиқ пуштибонӣ хоҳад кард. Вай таъкид кард, ки пазируфта шудани ин пешниҳод ҳусн ва шукӯҳи тозае дар таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон хоҳад буд ва бо ҳамин ният нома унвонии президент Раҳмонов ироа хоҳад шуд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG