Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юриши ҷангиёни Ал Қоида ба зиндони Мосул


Даҳҳо ҷангиёнии Ал Қоида дирӯз ба зиндоне дар шаҳри Мосули Ироқ ҳамла бурда, беш аз 140 маҳбусро озод карданд. Ҳамлагарон, ки шумораашон тахминан 300 нафар аст,гуфта мешавад ба ҷунбиши Давлати Исломии Ироқ гурӯҳи марбут ба шабакаи террористии Ал Қоида тааллуқ дошта, таҳти раҳбарии Абу Умар Ал Бағдодӣ амал мекарданд. Ин даста зимни ҳамла ба зиндон ходимони полисро безарар намуд. Бовар меравад,аксари онҳое, ки дар натиҷаи ин ҳамла озод шуданд, шӯришӣ буданд.
XS
SM
MD
LG