Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Помир -1» баъди садама фаъол мегардад.


Пӯлод Муҳиддинов муовини аввали вазири энержию саноат гуфтааст агрегати якуми нерӯгоҳи ахиран бар асари як садама тахрибшудаи «Помир-1» то 10-уми март мавриди истифода қарор мегирад.



Ба гуфтаи оқои Муҳиддинов ду агрегати дигари ин нерӯгоҳ қарор аст то авоили моҳи майи соли равон ба истифода дода шавад. Ва аммо барқарорсозии агрегати бештар харобшудаи рақами 2, ки сарчашмаи аслии садама низ будааст, танҳо охирҳои тирамоҳ анҷом хоҳад ёфт. Муовини вазири енержии Тоҷикистон афзудааст ҳанӯз ҳаҷми умумии хисороти ворида бар асари садамаи як моҳи пеш дар ниругоҳи «Помир- 1» пурра ҳисобида нашудааст ва барои ин кор дар ҳоли ҳозир мутахассисони нерӯгоҳи Норак ва ширкатҳои суғуртавии Санкт-Петербургу Екатеринбурги Русия ҷалб шудаанд.
XS
SM
MD
LG