Пайвандҳои дастрасӣ

МЛТ номи худро тағйир дод.


Ширкати МЛТ ва ё шабакаҳои муттаҳарики Тоҷикистон ном ва ё бренди худро ба исми ширкати "Мегафон"-и Русия иваз кард. Ин тасмим дар ҷаласаи Шӯрои мудирони ин ширкати русӣ гирифта шуд, ки 75 дарсади саҳмияҳои шабакаҳои муттаҳарики Тоҷикистонро дар даст дорад.






Бо қарори ин шӯро шурӯъ аз 1 март МЛТ бо номи ҷадид - "Мегафон" шурӯъ ба фаъолият кард ва симкорти муштариёни ин ширкат ба таври мустақим ба ин ном иваз шуд. Андрей Ким, мудири тиҷоратии ширкати МЛТ гуфт, иваз кардани номи ширкат ба Мегафон имконоти фаровонтареро дар бозори мухобироти Тоҷикистон касб хоҳад кард: »Ин далели он нест, ки номи МЛТ бад буд, балки нишони тиҷоратии Мегафон дар бозори мухобироти Русия ва ҳамчунин байналмилалӣ худро мусбат муаррифӣ кардааст. Аз ин рӯ, ба он хотир, ки Мегафон саҳмиядори асосии ширкати мо аст, раҳбарияти ширкат дар шахси сармоягузорон тасмим гиифтанд, ки бренди ширкатро иваз кунанд».






Оқои Ким афзуд бо иваз кардани нишони тиҷоратии ширкати МЛТ соҳаи нуфуз ва ё пахши ин ширкати ироадиҳандаи хадамоти мобилӣ дар кишвар васеътар гашта ва ҳудан даҳ маркази хидматрасонӣ дар манотиқи кишвар ифтитоҳ карда мешавад. Зеро феълан як маркази хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе ва се дафтар дар маркази вилоятҳои кишвар фаъол асту халос.




Аммо ин дар ҳолест, ки сатҳи хидматрасонии ширкати МЛТ муштариёнро қонеъ намесозад. Гулбону Абдуллоева, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ин ширкат феълан дар миёни дигар ширкатҳои мухобиротӣ мавқеъи худро аз даст медиҳад. Ширкати МЛТ ва ё Шабакаҳои муттаҳарики Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2001 дар кишвар фаъол аст ва дар соли гузашта нахустин ширкат дар миёни кишварҳои Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ буд, ки насли ҷадиди мухобиротии 3 G -ро ба муштариёнаш пешниҳод кардааст. Феълан МЛТ дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудудан 200 ҳазор муштарӣ дорад.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG