Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиати Назарбоев ба порлумони Қазоқистон


Дар муроҷиат ба порлумони кишвар, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дирӯз таъкид кард, зарурате барои эҷоди як барнома пеш омадааст, ки тавонад иқтисоди ин кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир гардонад. Вай гуфт, имкони он вуҷуд дорад, ки Қазоқистон тавонад соли 2008-ум маҷмӯи маҳсулоти дохилиро аз нишондиҳадаҳои соли 2000-ум ду баробар боло бубарад. Вай даъват кард, ки иқтисоди кишвар аз инҳисор бароварда шавад, ба вижа риштаи нафту газ, роҳи оҳан ва соҳаи барқ.


Назарбоев инчунин гуфт, ки ҳамоиши Қазоқистон дар баъзе гурӯҳҳои минтақаӣ, мисли Ҷомеаи Кишварҳои Ҳамсуд, Евразес ва Созмони ҳамкориҳои Шонҳой, аз масоили авлавиятнок боқӣ мемонад. Вай гуфт, ки Қазоқистон роҳи ислоҳоти сиёсии худро дунбол хоҳад кард. Вай инчунин таъкид кард, ки Қазоқистон ба унвони як ҷумҳурии президентӣ боқӣ хоҳад монд.


Маъмулан, суханрониҳои солонаи Назарбоев дар баробари порлумон тавассути телевизион на ба шакли зинда балки дар шакли сабтшуда намоиш дода мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG