Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марзбони тоҷик худкушӣ кардааст


Як марзбони қисми низомии 2848, мустақар дар ноҳияи Рӯшон дар дидбонгоҳи марзӣ бо истифода аз автомати Калашников худкушӣ намудааст. Шукрулло Аҳмадбеков, корманди раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон гуфт, сарбози ғаторӣ Баҳром Касиров, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон дар роҳ ба сӯи беморхона ҷон додааст.


Фармон Шарифов, додситони низомии гарнизони шаҳри Хоруғ ба радиои Озодӣ гуфт, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда иллатҳои худкушӣ таҳқиқ мешавад. Айни ҳол ангезаи худкушӣ номаълум аст.


Оқои Шарифов гуфт, ки да ду соли ахир дар қисмҳои низомии вилояти Бадахшон бори аввал аст, ки сарбоз ба воситаи силоҳ худкушӣ намудааст. Дар соли гузашта се марзбон ба ҳалокат расидаанд, яке аз кӯҳ афтода буд ва ду сарбози дигар бар асари беморӣ.


Фармон Шарифов гуфт, дар робита ба он ҳаводис се афсари баландрутба боздошт шуда ва ахиран парвандаи онҳо барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шуд.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG