Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ интихоботро таҳрим мекунад


СМ

ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб тасмим гирифт, дар сурати ба ҳайъати нозирони маҳаллӣ дар минтақаҳои интихоботӣ роҳ наёфтани аъзои худ интихоботи миёнадавриро дар ҳавзаҳои 37 шаҳри Кӯлоб ва 35 ноҳияи Ҳамадонӣ таҳрим кунад. Муҳаммадшариф Набиев - раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб дар бастагӣ ба мавзӯъ мегӯяд: «агар аъзои мо ба комисюни ҳавзавӣ номнавис нашаванд, интихобот чун интихоботҳои қаблӣ гумон аст, ки демократӣ гузарад» Ба иттилоъи оқои Набиев комисиюни интихоботӣ дар минтақа номнависии аъзои ҲНИТ - ро рад кардааст. Муҳаммадшариф Набиев афзуд, набуди аъзои ҳизб дар ҳайъати нозирон дар 50 участка ё минтақаи овоздиҳӣ баргузории интихоботи демокротиро дар мавзеъ зери суол мегузорад.




Ин дар мавридест, ки ҲДТ (ҷиноҳи Масъуд Собиров) барои нахустин бор дар таърихи интихоботҳои маҳаллӣ зидди ҲНИТ баромад. Ҳамроҳхон Сафаров- раиси ҲДТ (ҷиноҳи Собиров) дар сӯҳбати вежа ба радиои Озодӣ гуфт, аъзои ин ҳизб ба номздаҳо аз ҲНИТ бовар надоранд ва ва зидди онҳо раъй медиҳанд


Ва аммо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси комиссиюни интихоботӣ дар ҳавзаи рақами 37 шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбати бе микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, тибқи Қонун дар бораи интихобот будани аъзои аҳзоб дар ҳайъати нозирони интихобот ҳатмӣ нест. Аз ин рӯ набуди аъзои ҲНИТ дар ҳайъати комиссиюни интихоботӣ маънои ғайридемокротӣ гузаштани интихоботро надорад. Ин дар мавридест,ки ҲНИТ мегӯяд дар сурати ба ҳайъати нозирон дар ҳамаи 50 участака ё қитъаи раъйдиҳӣ номнавис нашудани аъзои худ аз ширкат дар интихоботи миёнадаврӣ даст мекашад.


Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG