Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи НАТО ба тарҳҳои минрубии Тоҷикистон


Маркази миллии минрубии Тоҷикистон бо ироаи чанд тарҳи ҷадид қасд дорад мусоидати НАТО - Паймони Атлантикаи шимолиро барои харидории мошинҳои махсуси минруб касб намояд. Қарор аст ин мавзӯъ ва дигар масоили марбут ба фаъолиятҳои Маркази минрубии Тоҷикистон имрӯз дар Вашингтон зимни ҳамоише бо номи «Иштироки НАТО - Паймони Атлантикаи шимолӣ дар поккории минаҳо» баррасӣ гардад. Як ҳайати эъзомии Маркази милии минрубии Тоҷикистон низ бо роҳбарии раиси он Ҷонмаҳмад Раҷабов дар ин ҳамоиш ширкат меварзад.
Ба иттилоъи Ҷонмаҳмад Раҷабов раиси Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар ин нишаст ҳамчунин қарор аст дар маҷмӯъ фаъолиятҳои минрубӣ дар ин кишвар ҳам баррасӣ шаванд.
Нишасти мазкур бо дастгирии НАТО баргузор мешавад. Оқои Раҷабов афзуд,ки тирамоҳи соли гузашта Маркази минрӯбии Тоҷикистон даҳ лоиҳа дар ҳаҷми умумии беш аз панҷ миллион доллари амрикоиро ба муҳокимаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудааст. Ин лоиҳаҳо асосан поккории марз аз минаҳо, огаҳсозии аҳолӣ аз хатари он ва кӯмак ба хонаводаҳои осебдида аз минаҳоро пешбинӣ мекунанд.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG