Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон нияти қатъи ғанисозии ураниюмро надорад


УХ

Эрон ҳанӯз ҳам дар намоиши нияти мутаваққиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум, ки тибқи зарбулаҷали Шӯрои Амнияти СММ ҳафати ҷорӣ ба анҷом мерасад, таъхир мекунад. Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран гуфт, ки Ҷумҳурии исломии Эрон хостори музокира доир ба барномаи ҳастаиаш мебошад, вале, ба қавли ӯ Теҳрон ҳеҷ гуна пешшартҳоро барои мутаваққифсозии фаъолиятҳои ғанисозии ураниум қабул надорад. Раиси ҷумҳурии Эрон афзуд,ки агар давлатҳои ғарбӣ хоҳанд, дубора сари мизи музокирот баргарданд, бояд онҳо низ барномаҳои ғанисозии ураниюмро хотима диҳанд. Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кохи Сафед Тони Сноу изҳороти ахири раиси ҷумҳурии Эронро ҳамчун ба қавли ӯ пешниҳоди дурӯғин рад кард.
XS
SM
MD
LG