Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Сомониён" дар Санкт-Петербург ширкати "Бинокор" ташкил карданд


Назари Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Санкт-Петербург мавсум ба Сомониён мегӯяд:

"Маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург барои мо кӯмак кард, ки бо ҳамин адреси дафтари мо ҳамаи тоҷиконро сабти иқомат кунем. Фақат як кораш мушкил аст, ки барои дарёфт кардани корти муҳоҷирати муҳоҷирон бояд хоки Русияро тарк кунанд, вале онҳо ба мо гуфтанд, ки дар рӯзҳои наздик ин масъала низ ҳал хоҳад шуд. Мо бо маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург дар бораи корти муҳоҷирати сӯҳбат кардем ва ба онҳо фаҳмондем, ки ҳар муҳоҷири тоҷик вақте, ки хоки ин кишварро тарк карда ба Укроин барои дарёфти корт меравад то 5 ҳазор рубли русӣ сарф мекунад, хуб мешуд, ки мо сари ҳар тоҷик ҳазор рубл ба буҷаи шаҳр бепардозем ва онҳоро дар ҳамин ҷо корти муҳоҷиратӣ бидиҳанд. Онҳо ҳарфҳои моро қабул карданд."

Ҳамчунин ҷамъияти Сомониён ширкати бинокорӣ ташкил кардааст, ки ин ширкат иҷозат дорад, муҳоҷиронро дар сохтмонҳои шаҳри Санкт-Петербург ва атрофи ин шаҳр расман ба кор таъмин кунад. Назари Мирзода дар ин бора чунин мегӯяд:

"Дар шаҳри Санкт-Петербург мо ширкати сохтмонии бо номи «Бинокор» ташкил кардаем. Ҳамаи корҳое, ки мо дар ин ҷо анҷом медиҳем аз тарафи ҳамин ширкати «Бинокор» умуман, барои кору бори муҳоҷирини Тоҷикистон ташкил шудааст. Ҳамаш қонунист, мо махсусан барои қабули ҳамватанони мо ду кабинети ҷадид боз кардем то ки ҳуҷатҳои онҳоро қабул кунем. Мо дар инҷо муҳоҷиронро руйхату ба қайд мегирем, ва баъд намояндаҳои мо санадҳои онҳоро ба ширкатҳои сохтмонии ин шаҳр месупорад ва ширкатҳо ҳамватанони моро расман ба кор қабул мекунанд"

Дар ҳоле, ки аксари корфармоён дар шаҳрҳои дигар муҳоҷиронро фиреб медиҳанд ва бисёри вақт ҳаққи заҳмати муҳоҷиронро намедиҳанд, раиси ҷаъмияти Сомониён гуфт, ки бо ширкати онҳо чунин вазъият ғайри мумкин аст. Вай гуфт:

"Ин тавр аст, ки онҳо дар ширкати мо сабти ном мешаванд ва муҳоҷир миёни ширкати мо ва ширкатҳои сохтмонии ин шаҳр қарордод имзо мекунад. Ва вақте, ки онҳоро дар он ҷо ба кор мегиранд чи маблағе, ки дар қарордод менависанд бояд ба муҳоҷир бидиҳанд чунки онҳо ба давлат молиёт месупоранд дар ин сурат онҳо фиреб карда наметавонанд чунки онҳо бо ширкат суру кор доранд на ба худи шахс. Барои ҳамин ширкатҳо бояд маблағе ки дар қарордод навишта шудааст барои коргар бидиҳад чунки коргар боз ба давлат молиёт месупорад."

Ҳмчунин оқои Мирзода гуфт, ки аз рӯзи ташкили ин ширкат ҳар рӯз ба назди ҷамъияти онҳо даҳҳо муҳоҷири тоҷик меояд ва худро сабти ном мекунад. Оқои Мирзода ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҷаъмияти Сомониён тақрибан 400 муҳоҷири тоҷикро ба кор ва иҷозати кор таъмин кардааст.
XS
SM
MD
LG