Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиатсия дар соли 2006 ҷони 14 сокини Ғозиёнро рабуд


Дар як соли ахир 14 сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари чангу ғубори партовгоҳи радиатсионии мавсум ба Деҳвой дар ҳудуди ин ноҳия ҷони худро аз даст додаанд.


Ин партовгоҳ дар кӯҳи Рухак, наздикии маҳалҳои аҳолинишин воқеъ буда, 90 гектор масоҳат дорад. Масофаи миёни партовгоҳу рустоҳо камтар аз як километр аст ва шамол моддаҳои радиоактивро аз партовгоҳ то ба дуриҳо паҳн мекунад. Биноан, шумори гирифторони саратону амрози дигар дар маҳалҳои наздики партовгоҳ афзун шудааст. Юсуф Ғаниев, сарпизишки Маркази беҳдошти ҷамоати деҳоти Ғозиён мегӯяд, соли 2005 даҳ касалии саратон вафот карданд, соли 2006 бошад, 14 нафар ҳалок шуданд, зиёд шуда истодааст ин рақам. Ҳамин ифлосиву чангу ғуборе, ки аз партовгоҳ мебиёяд, ба ҷигари одам таъсир карда, ба касалиҳои гепотити вирусӣ ҳам таъсир расонида истодааст. Боз мана ин касалиҳои камхуниҳо нисбат ба солҳои пешин бисёр шуда истодааст.


Партовгоҳи Деҳвой бо ин ки маъданшӯӣ дар корхонаи давлатии «Востокредмет» қатъ гардидааст, 14 сол инҷониб безарар нашудааст. Қаблан, ин партовгоҳ аз об пур карда мешуд ва шамол ғубори моддаҳои радиатсиониро парешон намекард. Аммо мақомоти «Востокретмет» бо ишора ба камбуди молӣ мегӯянд, дар рӯпуш кардани ин партовгоҳ оҷизанд. Леонид Павлов, намояндаи корхонаи «Востокредмет» гуфт, барои ҳадди ақал нимпӯш кардани 90 гектар масоҳати партовгоҳ, мутобиқ ба қоидаҳои вогиршиносӣ, кори пурмашаққате бояд анҷом дода шавад. Барои то ҷое безазар кардани ин партовгоҳ ҳудуди 50 миллион сомонӣ бояд масраф шавад.


Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли банохост кандашавии сарбанди ин партовгоҳ, маводи радиоактив ба рӯди Сир метавонад ворид шавад, ки ин пайомадҳои ниҳоят хатарзо барои ҳаёти инсонҳо хоҳад дошт. Ҳамзамон, мутахассисон аз эҳтимоли дар пайи боду борон шуста шудани хоктӯдаҳои радиоактивӣ аз партовгоҳи рӯкушоди Табошар низ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG