Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси ду зан бо гумони узвият дар Ҳизби Таҳрир


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Тоҷикистон ду сокини ин ноҳияро бо гуноҳи узвият дар созмони мамнӯъшудаи Ҳизби Таҳрир аз чаҳор то панҷ сол маҳкум ба зиндон кард.


Садриддин Тошев, додраси додгоҳи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Малика Ғозиева ва Маҳбуба Турахӯҷаева аъзои як ҳалқаи Ҳизби Таҳрир дар шаҳри Душанбе будаанд.


Ин ду нафарро моҳи октябри соли гузашта боздошт карда будаанд ва Малика Ғозиева пештар низ барои фаъолият дар созмони Ҳизби Таҳрир ба зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG