Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе муҷтамаъи ёдгории Рудакӣ бунёд меёбад


Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати таҳияи тарҳи муҷтамаи ёдгории поягузори адабиёти порсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмун эълон кардааст. Тибқи иттиллоъи масъулини пойтахт ҷиҳати ташкил ва баргузории ин озмун дар як ҷаласаи шаҳрдорӣ ҳафт гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.




Шавкат Саидов сухангӯи раиси шаҳри Душанбе гуфт ин гурӯҳҳои корӣ ба манзури иҷрои дастури раиси шаҳр ҷиҳати таҳияи тарҳи муҷтамаи ёдшуда, ки дар Боғи марказии пойтахт мустақар хоҳад шуд, таъсис дода шудаанд. Ба иттиллоъи ҳамин манбаъ яке аз гурӯҳҳоро меъмори рус Владимир Бугаев як нафар аз меъморони маъруфи шаҳри Маскави Русия раҳбарӣ мекардааст, ки дар таҳрири тарҳи генералии пойтахт ширкат доштааст.
Шавкат Сайидов гуфт ин озмун аз понздаҳуми феврал то якуми апрели соли равон идома хоҳад дошт,ки дар кори он шаҳрвандони кишвар ва атбоъи хориҷӣ низ метавонанд иштирок кунанд. Барандаи ин озмун соҳиби понздаҳ ҳазор сомонӣ муодили чизе бештар аз чаҳор ҳазор доллари амрикоӣ хоҳад шуд.




Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе афзуд Боғи марказии пойтахт ба муносибати таҷлил аз 1150 солагии устод Рӯдакӣ, ки бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда дар назар дошта шудааст, ба хотири гиромидошти ин устоди бузурги сухан минбаъд «Сайронгаҳи Рӯдакӣ» номида хоҳад шуд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби тарҳи муҷтамаи ёдбуди сардафтари адабиёти порсӣ қарор аст, ки дар «Сайронгаҳи Рӯдакӣ» ҳайкали бошукӯҳи ин абармарди сухан гузошта шавад.
Гуфта мешавад ҳазинаи тарҳи муҷтамаи ёдбуди устод Абӯабдулло Рӯдакӣ дар маҷмӯъ чаҳор миллион долларро ташкил медодааст.


Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG