Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш овозаҳои ҳамлаи низомӣ ба Эронро рад кард


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико шоеъот доир ба барномарезии ҳамлаи низомӣ ба зидди Иронро ғавғое номид, ки ба қавли ӯ, аз сӯи сиёсатмадорони мухолифаш дар Вашингтон барангехта шудааст.


Аммо дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар Амрико Ҷорҷ Буш давлати Иронро ҷангҷӯй номид, ки ба гуфтаи ӯ, барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ талош мекунад.


Рӯзи душанбе Муҳаммад Ал Бародаӣ, раиси Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар шаҳри Брюссел доир ба суоле дар робита ба роҳи ҳалли низомии бӯҳрони ҳастии Ирон гуфт:


"Ман роҳи низомии ҳалли қазияи Иронро намебинам. Мо намедонем, Ирон зарфияти ғанисозии ураниум дар миқёси санъатиро дорад ва ё на. Мо намедонем ва ҳеҷ нишонае ва далели собите надидаем, ки Ирон барномаи силоҳи атомиро думбол мекунад. Он чӣ ки медонем, Ирон аз дониши фанновариҳои ҳастаӣ бархӯрдор аст. Ҳамингуна вақте афроде доир ба роҳи ҳалли низомӣ сӯҳбат мекунанд, ман намедонам, онҳо чиро дар назар доранд. Донишро наметавон бомбборон кард."


Раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи душанбе дар як мусоҳиба гуфт, ҳар гуна ҳамлаи Амрико ба зидди Ирон подоши сахте хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG