Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Гейтс: "Амрико Афғонистонро фаромӯш намекунад"


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико ҳангоми сафараш ба Покистон гуфт, кишвараш иштибоҳи фаромӯш кардани Афғонистонро такрор намекунад ва намегузорад, Афғонистон дигарбора маҳалли амн барои тундравони исломӣ бошад.


Роберт Гейтс гуфт, бо тарки Афғонистон кардани сарбозони шӯравии собиқ Иёлоти Муттаҳида он кишварро фаромӯш кард, ки ин иштибоҳе бузург буд. Ба гуфтаи Роберт Гейтс, ҳамлаҳои маргбори 11 сентябр яке аз пайомадҳои ҳамин иштибоҳи Амрико будааст.


Роберт Гейтс вазири дифоъи Амрико, ки бо мақомоти баландпояи Покистон сӯҳбат кард, саъй дорад, то ҳимояти ин кишварро барои муқобила бо ҳамлаҳои Толибон ва таъмини амният дар Афғонистон ба даст орад.


Афғонистон борҳо Покистонро муттаҳам кардааст, ки ба пайравони Толибон иҷоза медиҳад, то ба Афғонистон ворид шуда ба зидди нерӯҳои давлатӣ ва хориҷӣ дар ин кишвар ҳамла кунанд ва амният дар Афғонистонро ба ҳам бизананд.
XS
SM
MD
LG