Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи СММ дар мавриди мухторияти Косово


Интизор меравад, имрӯз вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз фиристодаи Созмони Милал Марти Ахтисаарӣ суол кунанд, ки чӣ гуна барномааш доир ба сарнавишти ояндаи Косоворо амалӣ хоҳад кард.


Гуфта мешавад, ки вазирони ҳамаи 27 узви Иттиҳодия ҳангоми дидорашон дар шаҳри Брюссел ҳимояти қавии худ аз барномаи Ахтисаариро эълом мекунанд.


Дар тарҳи тозаи Созмони Милал доир ба сарнавишти ояндаи минтақаи Косовои Сербистон ба ин минтақаи ҷудоихоҳ мухторият, қонуни асосӣ ва рамзу суруди миллӣ ваъда шудааст.


Агарчӣ дар ин барнома калимаи истиқлол зикр нашудааст, вале ба эътиқоди бисёриҳо, ин барнома дар ниҳоят ба истиқлолияти Косово мебарад, ки мақомоти Сербистон мухолифи ба ин коранд.
XS
SM
MD
LG