Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ироқ иваз мешавад


НХ

Қарор аст имруз генерал Дэвид Петрос фармондеҳии нируҳои 130 ҳазор нафарии Амрико дар Ироқро бипазирад. Вай дар ин мақом генерали дигари амрикоӣ Ҷорҷ Кейсиро иваз мекунад. Генерал Петрос бар иҷрои нақшаи амниятии Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико назорат мекунад, ки тибқи он ирсоли 21 ҳазору 500 сарбози иловагии Амрико ба Ироқ дар назар дошта шудааст.


Ин хабар дируз эълон шуд, яъне дар рузе, ки 3 нафар сарбозони амрикоӣ дар Ироқ кушта шуданд. Бад-ин тартиб дар 8 рузи аввали моҳи феврал шумораи сарбозони кушташудаи амрикоӣ дар Ироқ ба 33 нафар расидааст.


Тибқи хабари дигар рузи ҷумъа чархболҳои Амрико дар Ироқ ба тундравҳо аз ҳаво ҳамла бурда, иштибоҳан 5 сарбози курдтабори Ироқро дар шаҳри Мосул куштанд. Худи курдҳо мегуянд, дар ин ҳамла 8 нафар кушта шудаанд. Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ, ки аз курдҳои ин кишвар аст, аз амрикоиҳо хостааст, ки дар бораи ин ҳодиса маълумоти бештар диҳанд.
XS
SM
MD
LG