Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақзи ҳуқуқи тоҷирони хориҷӣ дар Русия


av

Як ҳайати Созмони ҷаҳонии муҳоҷират тайи ошноии даҳрӯза бо раванди иҷроиши қонуни нави муҳоҷирати Русия мавориди нақзи ҳуқуқи тоҷирони хориҷиро дар ин кишвар мушоҳида кардааст. Музаффар Зарипов, мудири маркази иттилоъгузории муҳоҷирини Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе тайи як нишаст бо арзёбии натиҷаҳои сафари ин ҳайъат ба Русия аз ҷумла гуфт, қонуни нави муҳоҷирати Русия пешраванда аст, аммо иҷроиши бандҳои он дар музофотҳои Русия нодуруст ба роҳ монда шудааст. Ӯ шаҳри Новосибирскро мисол овард, ки дар он ҷо чандин бозори шахсӣ аллакай аз 15 январ ягон шаҳрванди хориҷиро, ҳатто барои харид кардан намемонад. Оқои Зарипов гуфт, муҳофизони бозорҳои Новосибирск ҳатто намегузоранд, ки тоҷирони тоҷик моли тиҷоратиашонро аз бозорҳо берун оранд.


Қурбон Маҳмадов, раиси бахши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ин гуна бархӯрди мақомоти Русия ба моликияти шаҳрвандони хориҷӣ ғайриқонунӣ аст. Ӯ гуфт, тоҷирон бояд ба раёсати умури дохила, додситонии он маҳал ҳатто аз хонаашон истода ҳам як ариза ирсол кунанд, чора мебинанд ё ба намояндагии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон муроҷиат кунанд.


Дар ҳамин ҳол, Евгений Семенов, намояндаи Хадамоти федералии Русия дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш қонуни муҳоҷират ва будубоши муҳоҷиринро хеле содда кардааст. Вай гуфт, ин ҷо гап дар бораи корфармоёни алоҳида меравад, ки муҳоҷирини дар беиттилоотӣ қарордоштаро аз қонунҳо огаҳ намекунанд ва ин гуна мушкилотро ба миён меоранд.


Тибқи қонуни нави муҳоҷирати Русия, хориҷиёне, ки то 1 январ дар ҳудуди ин кишвар иқомат доштанд, бояд як маротиба аз Русия ихроҷ шаванд ва баъди дигарбора ворид шудан худро сабти ном кунанд. Музаффар Зарипов, мудири маркази иттилоъгузории муҳоҷирини Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, ин нуктаи қонуни нави муҳоҷирати Русия барои тақрибан ҳудуди 70 дар сади муҳоҷирини кории тоҷик мушкил ба миён овардааст.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG