Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти ситодҳои умури изтирории Тоҷикистон


Ба манзури омӯзиши усули истифодаи дастгоҳҳҳои муосири иттилорасонӣ ва таҳияи гузориш дар мавриди офатҳои табиӣ мутобиқи меъёри созмонҳои байналмилии кӯмакрасон, ҳамоиши дурӯзаи масъулини ситодҳои минтақаии умури фавқуллода ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон доир шуд.


Ҳадафи ин ҳамоиш омӯзиши усули таҳияи гузориш ва истифода аз технологияи муосири иттилорасонӣ ба ҳангоми вуқӯъи ҳодиса аст.


Кумитаи умури фавқулодда ва дифоъи ғайринизомии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи ташкили ҷилавгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ шабакаи минтақаии огоҳкунӣ аз эҳтимоли хатари табииро таъсис ва мавриди истифода қарор додааст. Ин шабака, ки муҷаҳҳаз бо васоили техникии муосир ва барномарезии қаблӣ аст, феълан дар муҳимтарин маҳалҳои офатхез насб шуда ва дар оянда тибқи ин барнома ҳама маҳаллоти Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт. Тавассути шабакаи мазкур, ба гуфтаи масъулини кумитаи умури фавқулодда, дар муддати то понздаҳ дақиқа иттилоъи комил дар бораи офат ё хатари офат ба ситоди марказии саросарӣ ирсол мешавад.


Гуфтанист, то ҳоли ҳозир, кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва дохилии кӯмакрасон барои зарардидагон аз офати табиӣ тавассути муроҷиати катбии ҳукумати ҷумҳурӣ ё ҳукуматҳои маҳаллӣ сурат мегирифт. Акнун, бо таҳияи ин барномаҳо гузориши офати табиӣ, хусусан, мизони хисорот ва талафот мустақиман дар ихтиёри созмонҳои ёрирасон қарор мегирад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG