Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои ҲНИТ ба ширкат дар интихобот


Се нафар намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои дарёфти курсиҳои холӣ дар Маҷлиси намояндагони порлумони ин кишвар талош хоҳанд варзид. Дасттгоҳи иҷроияи ҲНИТ бо таъйиди ин хабар иттилоъ додааст,ки дар пайи баргузории конфронсҳои минтақавии ниҳодҳои маҳаллии ҳизби мазкур Сайидиброҳим Муҳаммадназар аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, Абдулқодир Ҳасанпур аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ҳамадонӣ ва Умаралӣ Ҳусайнов аз сӯи ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои дарёфти ваколати намояндаи мардумӣ номзад пешниҳод шудаанд. Ду нафар аз номзадҳои пешниҳод намудаи ҲНИТ ба шумули Сайидиброҳими Муҳаммадназар ва Умаралӣ Ҳусайнов аз мақомҳои аршад ва собиқадорони Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ҳоли ҳозир Сайидиброҳими Муҳаммадназар чун раиси бахши фарҳангии ҲНИТ ва Умаралӣ Ҳусайнов ба ҳайси яке аз муовинони раиси ҳизби фавқузикр машғули фаъолиятанд.
ҲНИТ ба ҳайси ягона ҳизби сиёсии дорои характери мазҳабӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ феълан дар порлумони Тоҷикистон ду намоянда дорад.
.
XS
SM
MD
LG