Пайвандҳои дастрасӣ

Русия афзоиши нирӯҳои Амрикоро зери суол гузошт


Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, кишвараш интизори ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳузури афзояндаи ҳарбии худро дар Ховари Миёна шарҳ диҳад.


Лавров гуфт, дар ҳоле ки нирӯҳои Амрико дар ин минтақа рӯ ба афзоиш доранд, шиъорҳои, ба гуфтаи вай, бештар таҷовузгарона дар Вашингтон баландтар ба гӯш мерасанд.

Вай афзуд, Русия ин мавзӯъро дар нишасти чаҳоргонаи байнулмилалии Ховари Миёна дар ҳафтаи оянда матраҳ хоҳад кард. Аъзои чаҳоргона - Русия, Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи оянда дар Вошингтон ҷамъ мешаванд, то роҳҳои эҳёи раванди сулҳро дар Ховари Миёна баррасӣ кунанд.


Лавров ҳамчунин сиёсати сахтгиронаи Амрикоро бар зидди Эрон танқид кард. Вай гуфт, таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида метавонанд, Эронро ба хуруҷ аз гуфтушунидҳои ҳалли бӯҳрони ҳастаӣ маҷбур кунанд. Дар ивази ин, гуфт Лавров, ба Эрон ва Сурия бояд нишон дод, ки аз онҳо нақши мусбатро интизоранд ва подоши ин нақш ҷойгоҳи муносиб дар муколамаи минтақавӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG