Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирати корӣ маншаъи рушди иқтисоди Тоҷикистон


xC

Бо гузашти беш аз 15 сол аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ва интиқолҳои пулии муҳоҷирони кории ин кишвар ҳамоно муҳаррики аслии рушди иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад.




Ин нукта дар гузориши солонаи Бонки ҷаҳонӣ,ки ахиран ба нашр расидааст,зикр ёфтааст. Ниҳоди масъули таҳияи гузориши мазкур - Дафтари бахши Аврупо ва Осиёи марказии Бонки ҷаҳонӣ таъкид менамояд,ки раванди муҳоҷирати корӣ дар баробари тақвияти имконоти иқтисодии Тоҷикистон барои ин кишвар мушкилоти зиёдеро низ пеш меорад.




Гузориши солонаи Бонки ҷаҳонӣ бо ишора ба дурнамои раванди муҳоҷирати корӣ дар оянда аз Тоҷикистон ба хориҷ афзудааст, ки маҳз интиқолҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷик ин имконро фароҳам овардааст, ки мизони фақр дар Тоҷикистон коҳиши назаррас пайдо намояд. Гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ меафзояд дар ҳоли ҳозир бинобар омори расмӣ мизони маблағҳои мунтақилаи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 10 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.




Гузориши Бонки ҷаҳонӣ аз нақши муҳоҷирини кории тоҷик дар таъмини суботи иқтисодиву сиёсии ин кишвар сутудааст. Гузориш дар ин робита таъкид кардааст,ки маҳз интиқоли маблағҳои муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия ва дигар кишварҳо сабаб шудааст,ки заминаи ҳифзи суботи иқтисодиву сиёсӣ дар Тоҷикистон фароҳам омадааст.
XS
SM
MD
LG