Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти нави "Генплан"- и Душанбе


Мудири Бунгоҳи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов ба хабарнигорон гуфтааст, бо гуноҳи ширкати "Содекс", ки паймонкори сохтмони Кохи Миллат аст, бунёди қасри нави раёсатҷумҳурӣ барои муддати номуайян ба таъвиқ афтодааст. Вай афзуд, дастикам ҳафт масъалае дар миён аст, ки сабаби қатъи кор дар ин сохтмон шудаанд. Аммо оқои Комилов тафсилоти ин масъалаҳоро шарҳ надода, изҳори умедворӣ кард, ки Кохи Миллат то поёни соли 2007 омода хоҳад шуд.


Абдувалӣ Комилов инчунин гуфт, дар татбиқи Барномаи бозсозии пойтахти Тоҷикистон сабкҳои шарқӣ ва аврупоӣ дар ҳамбастагӣ истифода хоҳанд шуд. Вай афзуд, ҳарчанд Барномаи умумии бозсозии Душанбе дар соли 1983 ба тасвиб расида, тибқи нақша мебоист дар соли 2005 ба поён мерасид, рўйдодҳои маълум ва вазъи иқтисодӣ имкон надодаанд, ин тарҳ амалӣ гардад. Танҳо акнун ҳукумат имконияти молӣ пайдо кардааст, ба иҷрои тарҳ шурўъ кунад. Ба гуфтаи хабаргузории "Авесто", тарҳи нав Душанберо дар иҳотаи се ҳалқа қарор медиҳад, ки яке аз кўчаи Карамов то Айнӣ, дуввум аз кўчаи Ғафуров то Титов ва саввум то ноҳияҳои атрофи Душанберо дар бар хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG