Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек хостори таҳқиқи моҷаро дар марзи Тоҷикистон аст


Хабаргузориҳои Қирғизистон иттилоъ додаанд, ки президент Қурманбек Боқиев хостори таҳқиқи моҷарои 9-уми январ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон шудааст. Вай дар гуфтугӯи телефонӣ аз ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмонов талаб кардааст, моҷарои марбут ба ҳокими вилояти Бодканд Султон Ойҷигитов дар марзи Тоҷикистон мавриди пажўҳиш қарор гирад. Дар посух Раҳмонов ваъда додааст, ки барои таҳқиқи ҳодиса ҳамаи чораҳоро хоҳад дид.


Ҳокими вилояти Бодканди Қирғизистон шикоят кардааст, ки гӯё марзбонони тоҷик тафтиши мошини хидматии ӯро талаб карда, зимни сарпечиҳои вай ба Ойҷигитов таҳдид кардаанд. Ойҷигитов гуфтааст, барои боздид аз манотиқи зилзила мебоист, аз қаламрави Тоҷикистон гузарад. Манобеъи наздик ба Вазорати амнияти Точикистон мегўянд, марзбонони тоҷик кўшиш кардаанд, вазифаи худро ба иҷро расонанд, зеро мошини ҳоким ба назари онҳо шубҳанок намудааст.


Президенти Қирғизистон ҳамчунин ба дабири Шӯрои амнияти кишвараш Осмоналӣ Гуронов дастур додааст, ба Тоҷикистон сафар карда, дар таҳқиқи ин ҳодиса ширкат кунад. Вай гуфтааст, номуайяниҳо дар хатти марзи миёни ду кишвар сабаби чунин ҳодисаҳо мешавад ва биноан бояд хатти марз дақиқу аломатгузорӣ шавад.


Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Точикистон дар изҳороти худ ба муносибати 14-солагии равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтааст, дар байни ду кишвари ҳамсоя ягон мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад ва робитаҳо рушду густариши бештар касб мекунанд.
XS
SM
MD
LG