Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсири нархи нави газ ба саноъати Тоҷикистон


Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон баҳои фурӯши гази табиӣ ба аҳолӣ ва муассисоти ин кишвар барои соли 2007-ро эълом кардааст.


Ғафурҷон Расулов-сухангӯи вазорати мазкур ба радиои Озодӣ гуфт, эъломи таруфаҳои нав барои истифодабарандагони гази табиӣ дар пайи тағйири шароити созишномаи хариди гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сурат гирифтааст. Оқои Расулов гуфт, барои куллия истифодабарандагони гази табиӣ аз оғози соли равон баҳои ҳар як ҳазор мукааб метр гази табиӣ 135 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин миён ду корхонаи санъатии «Тоҷиказот» ва «Тоҷиксемент» истисноанд, ки ба ҳар ҳазор метри мукааби гази табиӣ шаш доллар камтар пардохт хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки бархе аз корхонаҷот, аз ҷумла «Тоҷиксемент» талош дорад, барои раҳоӣ аз мушкилоти камбуди гази табиӣ аз ангишти маҳаллӣ ба ҷойи он истифода барад.


Тибқи муқаррароти нави ҷоришуда минбаъд хонаводаҳое, ки дастгоҳи ҳисоби масрафи газро надоранд, барои ҳар узв ба маблағи 11сомониву 70 дирам дар як моҳи фасли сармо ва ҳамин тавр 9 сомониву 36 дирам дар мавсими гармо пардохт хоҳанд кард.


Тоҷикистон барои рафъи эҳтиҷоти ин кишвар ҳамасола аз Ӯзбакистон ба миқдори 700 миллион мукаабметр гази табиӣ харидорӣ мекунад. Дар поёни соли гузашта Ӯзбакистон баҳои фурӯши гази худ ба Тоҷикистонро бамаротиб афзоиш дода ҳар як ҳазор мукаабметри онро аз 55 доллар ба 100 доллар расонд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG