Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози занон дар Панҷакент


ШР

Беш аз чиҳил нафар занон ҳамроҳ бо кӯдакони худ дар шаҳри Панҷакент ба нишони эътироз ба набуди барқ дар манозили зисти худ дар назди бинои ҳукумати шаҳр даст ба эътироз заданд.

Занони муътариз ҳамзамон зимни баргузории митинги этирозӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд,ки дар баробари набуди барқ ҳамчунин дар манозили онон газу об низ набудааст. Ба гуфтаи эътирозгарон набуди газу об боиси бемор шудани фарзандони онҳо дар хонаҳои сард шудааст. Хуршед Сироҷов муовини раиси шаҳри Панҷакент пас аз мулоқот бо мардуми норозӣ гуфт ҷорӣ шудани маҳдудияти истеъмоли барқ дар маҳалаи зисти эътирозгарон тибқи реҷаи интиқоли маҳдуди барқ дар саросари деҳоти ноҳия сурат гирифтааст.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ барои таъмини корхонаву муассисот ва аҳолии води Зарафшон ҳудуди яку ним миллион киловатт соати нерӯи барқ лозим аст.

Дар ҳоли ҳозир наздик ба 180 ҳазор аҳолии 14 ҷамоъати ноҳияи Панҷакент ва беморхонаҳои қаламрави он бинобар камбуди интиқоли нерӯи барқ чаҳор шабонарӯз аст,ки аз истифода барқ ба куллӣ маҳруманд. Занони эътирозгар иброз доштаанд,ки дар сурати иҷро нашудани тақозои худ фардо низ дар баробари ҳукумати ноҳия ба тазоҳуроти худ идома медиҳанд.
Шоҳини Равшан, ноҳияи Панҷакент

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG