Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти корхонаи арзиз алайҳи ширкати Ансол


фй

Абдурауф Муъминов- масъули маркази матбуъотии корхонаи арзизи тоҷик дар як тамоси телефонӣ гуфт, ширкати «Ансол» тайи муддати ҳамкорӣ бо ин корхона ба маблағи 485 миллион доллари амрикоӣ хисора ворид кардааст.


Дар баёнияи корхонаи арзиз ,ки ҳафтаномаи «Народная газета»-и чопи Душанбе мунташир кардааст, Аваз Назаров-раҳбари ширкати «Ансол» бар он муттаҳам мешавад, ки дар замони муъомилоташ бо корхонаи арзиз барои Абдуқодир Эрматов- раҳбари пешини ин корхона ва аъзои хонаводаи ӯ пардохтҳои ғайриқонунии чандмиллионӣ анҷом додааст. Ҳамчунин бар асоси ин баёния ширкати «Ансол» сабабгори лағви қарордодҳои қаблан ҳосилшуда бо ширкати норвежии «Ҳидро» яке дигар аз шарикони тиҷоратии корхонаи арзиз арзёбӣ мешавад.


Аммо дар пайи боздошти Ғаффор Мирзоев-раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ,ки бар асоси манобеъи ғайрирасмӣ назорати ин корхонаро дар ихтиёр доштааст, ширкати «Ансол» ва раҳбари он Аваз Назаров ва ҳамчунин Абдуқодир Эрматов -раиси пешини корхонаи алйуминиюм барои мусоъидат ва мушорикат дар талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам эълом шуданд. Ва ҳоло Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматов ,ки аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доранд, тибқи иттиллоъи манобеъи ғайрирасмӣ дар Лондон ба сар мебаранд.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG