Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи барномаи нави ЮСАИД дар Тоҷикистон


mm

Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- ЮСАИД ба татбиқи як барномаи нави беҳбуди фазои тиҷорат ва соҳибкорӣ дар се кишвари Осиёи Маркази- Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шурӯь кард. Ба гуфтаи Нуралӣ Шукуров - масьули ин барнома дар Тоҷикистон,он дар давоми чаҳор соли оянда, то соли 2010 -и милодӣ аз сӯи корпоратсияи Прагма дар ҳама манотиқи ин кишвар роҳандозӣ хохад шуд. Ӯ афзуд, ки вазифаи аслии ин барнома бо ироаи кӯмаки молии бебозгашт мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва иқтисод бо роҳи бартараф кардани монеъаҳои ҳуқуқӣ ва маъмурӣ дар фаъолияти корхонаҳои хурду миёна, кӯмак барои ҳамкории бахшхои хусусӣ ва давлатӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон мебошад.


Ба гуфтаи оқои Шукуров, таваҷҷӯҳи аслии барномаи нави ЮСАИД дар Точикистон ба такмили қонунҳои ин кишвар дар самти соҳибкорӣ, иқтисод ва тиҷорат хохад буд.Шуҳрат Раҳматуллоев - сарвари иттиҳоди соҳибкорони вилояти Суғд бо ишора ба он ки барномаи Оҷонси рушди байналмилалии ИМА дар ҳамдастӣ бо корпоратсияи Прагма соли аввал нест, ки дар вилояти Суғд якҷоя бо ҳукумат ва созмонҳои тиҷории маҳаллӣ барномаҳои мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва тиҷоратро пиёда мекунад, ингуна ҳамкориҳои дуҷонибаро муфид мехонад:


Оҷонси рушди байналмилалии ИМА дар соли 2006 -и милодӣ ҷихати рушди бахшҳои иқтисод, енержӣ ва захоири об, тандурустӣ, маьлумот ва бозомузӣ, рушди демократия ва васоити ахбори умум ба Тоҷикистон 16 миллион доллари ИМА маблағ ба тариқи кӯмаки бебозгашт ихтисос додааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG